8 майи соли равон дар дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар раванди татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқов Алихон иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур бештар ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи муқовимат бо коррупсия, сиёсати давлатӣ дар ин самт, методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионӣ) арзёби гардид.
Аз ҷониби намояндаи агентӣ ба иштирокчиён маълумотҳо ҷиҳати гузаронидани таҳлили методология дар Кумита маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷом байни иштирокчиён ва намояндаи мақомоти дахлдор мубодилаи афкор сурат гирифт.