Рӯзи 3 майи соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо менеҷери намояндагии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид UNDP дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Филип Шабо баргузор гардид.
Дар оғоз аз ҷониби роҳбарияти Кумита оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар аз ҷумла, сайёҳии кишоварзӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохро дар ин соҳа дорост маълумот дода шуд.
Зимни суҳбат бо инобати боду њаво, иќлим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани мевањои шањдбори Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дар ин самт рушдкарда дар доираи Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид UNDP, ки барои рушди сайёҳии кишоварзӣ дар кишвар замина мегузорад, аз ҷониби раиси Кумита ибрози назар гардид.
Намояндагии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид UNDP ҳавасманди худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ изҳор намуд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.