Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:26, November 27, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 40 %
Pressure 1019 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Ба истифода додани Меҳмонхонаи “Кангурт Гранд Ҳотел” дар шаҳри Душанбе

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи нав 84 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор мешаванд.

Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки “Кангурт Гранд Ҳотел” дорои 98 ҳуҷра, аз ҷумла барои меҳмонони олимақом буда, имконият дорад дар як вақт 164 мизоҷро қабул намояд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхонаи нав дорои дигар имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла ҷойи гузаронидани ҳамоишҳои гуногун, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва тарабхонаи барҳаво бо 160 ҷой сохта шудааст. Меҳмонхона дорои қаҳвахонаи муҷаҳҳазу замонавӣ буда, имконият дорад, ки дар як вақт ба 140 нафар хизмат расонад.

Дар меҳмонхона толори алоҳидаи варзишии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои машқу тамрин бунёд карда шудааст. Имконияти фароҳамомада ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мусоидат хоҳад кард.

Дар таҳхонаи иншооти мазкур “SPA-салон” ташкил гардида, дар дохили он ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои алоҳида бо буғи тар ва хушк, ҷакузӣ ва дигар имконоти зарурӣ бунёд ёфтааст. Назорати ҳарорати оби ҳавз ва низоми полоишии он бо истифода аз дастгоҳҳои муосир дар чанд зина ба роҳ монда шудааст.

 Дохили Меҳмонхонаи “Кангурт Гранд Ҳотел” бо сабку услуби муосири меъморӣ оро ёфта, корҳои сохтмонии он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ширкатҳои дохилӣ анҷом ёфт. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани “Кангурт Гранд Ҳотел” ҳадяи арзишманд бахшида ба “Рӯзи пойтахт” буда, ин иншоот ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони Меҳмонхонаи нуҳошёнаи “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта буданд. Дар вақти бунёд кардани иншоот беш аз 100 нафар бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.

Меҳмонхонаи нуҳошёна аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохта шуда, намои берунаи он низ бо сабки махсус ва талаботи меъмории шаҳрсозӣ зеб дода шудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Зеро ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон бо риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ба роҳ монда шавад.

default

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.44
US TJS/USD10.68
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.1
27 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Nov 2024 04:25 UTC
Latest change: 27 Nov 2024 04:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:26, November 27, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 40 %
Pressure 1019 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph