Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:41, November 22, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 100 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Узбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Аз ин рӯ, дар рафти мулоқоти сатҳи олии ду кишвар бо иштироки ҳайатҳои расмӣ оид ба ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон гузориш доданд.

Баъди гузориши шахсони масъули ҳукуматҳои ҳар ду кишвар масоили дигари  мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва амният изҳори қаноатмандӣ карданд.

Нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар таъмиқи муносибатҳои ду кишвар назаррас арзёбӣ гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.

Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.

Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат,  мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду кишвар буд.

Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду кишвар номида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.

Дар раванди рушду густариши муносибатҳо ҳамкории байни минтақаҳо, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони ду кишвар ва чопи муштараки китобҳои дарсӣ амри муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ карданд.  

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 13:20 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 13:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:41, November 22, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 100 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph