11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”, ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно карданд.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникиву мошинолоти наву замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қаблан ба хоҷагиҳои эҳтиёҷманди деҳқонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 920 техникаи кишоварзӣ бо қисмҳои эҳтиётии он тақдим гардида буд. Дар миёни тракторҳои хурд, инчунин воситаҳои муосири техникӣ барои кучат кардани шолӣ низ мавҷуд буда, имконоти техникии дигар мошинолоти соҳавӣ ҳам ба талаботи хоҷагидорон мувофиқ мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати умумии он 25,96 гектар мебошад.
Айни ҳол дар минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар ин ҷо дарахтони зардолу, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, хуч, ток ва ғайра дар майдонҳои алоҳида парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лӯбиёгӣ кишт карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ, ташаббуси масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд. Зеро бо гузашти солҳои зиёд дарахтони ин боғ камҳосил гардида, қариб ба коркарди агротехникӣ низ фаро гирифта намешуданд.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва амалисозии сиёсати кишоварзии роҳбарияти Ҳукумати кишвар, соли 2023-юм 2500 бех токи навъҳои “Президентӣ”, “Шоҳона”, “Аватар”, “Ғалаба” ва “Тагобӣ”-и сафеду сиёҳро аз хоҷагиҳои токпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода оварда, дар масоҳати 5,5 гектар шинонданд.
Оғози моҳи марти соли 2024 дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати 1,4 гектар 1700 бех ниҳоли зардолуи навъҳои “Мирсанҷилӣ”, “Нишонӣ” ва “Силвер-голд” шинонда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёдёфта, боғу токзори куҳна барқарор мегардад ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Зиёд шудани майдони боғу токзори нав дар вилоят асосан давоми 5-6 соли охир ба назар мерасад.
Тибқи муълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, то 1-уми апрели соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд дар масоҳати 113 гектар боғи нав, аз он ҷумла 23 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра дар масоҳати 4 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли 2024 барқароркунии боғҳои куҳна дар майдони 788 ва токзорҳои куҳна бошад, дар масоҳати 111 гектар анҷом дода шудааст. Зардолузори вилоят ба 51 ҳазор гектар расида, аз ин 35 ҳазору 500 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева дар соли гузашта ба 222 ҳазору 521 тонна расонида шуд. Истеҳсоли зардолу 157 ҳазору 186 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101 ҳазору 339 тонна зиёд мебошад.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 ҳазору 661 гектар ангурбоғ мавҷуд мебошад, ки 12 ҳазору 531 гектар ҳосилдиҳанда аст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Майдони боғҳои меваҳои тухмдор 13 ҳазору 770 гектар ва меваҳои донакдор 58 ҳазору 920 гектарро ташкил медиҳад.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва татбиқи назария дар амалия, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот ба шумор рафта, барои донишҷӯёни факултетҳои биология-химия, геоэкология ва туризм, санъати тасвирӣ ва дизайн ва машғулиятҳои фанҳои ботаника, зоология, биология, асосҳои кишоварзӣ шароити хуби таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳосили аз боғу замини кишт бадастомада барои баровардани ниёзҳои иҷтимоии собиқадорони меҳнат, донишҷӯёни ятиму бепарастор, муҳассилини имконияташон маҳдуд ва омӯзгорону кормандон истифода карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба онҳо дастур доданд, ки дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба баланд бардоштани сифати илмомӯзӣ, инчунин бобати арҷгузорӣ ба анъанаҳои боғдории миллати тоҷик ва ба меҳнатдӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон чораҳо андешида шаванд.