Дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания аз 7 то 9-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи 70-умин Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо баргузор шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Зиёдулло Салимзода дар ҷаласаи мазкур иштирок намуданд
Дар 70-умин ҷаласаи комисияи Аврупо як қатор масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ, ба вижа масъалаҳои рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ аз ҷумла Тоҷикистон, зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ, алалхусус барои занон дар кишварҳои аъзо, ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварҳо ва мутобиқкунонии соҳаи сайёҳӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифт.
Зимни ҳамоиш муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода бо дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҷаноби Зураб Пололикашвили, муовини вазири сайёҳӣ ва муҳити зисти Ҷумҳурии Албания Албина Хембура ва роҳбарону намояндагони бахши сайёҳии як қатор кишварҳои иштирокчӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Тавре, ки дабири кулии Созмони Умумиҷахонии Сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар суханрониҳояш иброз дошт соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар соли 2023 ба кишварҳо 1 миллиарду 300 миллион доллар даромад овард, ки нисбат ба соли 2022 34 дарсад зиёд мебошад.
Тибқи арзёбиҳои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ соли 2024 соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон то ба сатҳи қабл аз пандемия барқарор гашта эҳтимол меравад, то ба 2 фоиз рушди он зийёдтар таъмин карда шавад.
Намояндаи воломақоми Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҷиҳати фаъол будан дар мубодилаи маълумот ва омори сайёҳӣ ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, кишвари моро низ дар ин ҷаласаи сатҳи баланд бо сипосномаи Созмони мазкур қадрдонӣ намуд.