Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:11, December 21, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 75 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд.

Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар навбати аввал бо истифода аз 3 хати технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои шириниҳо, нӯшокиҳо, тармеваю хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва хӯрока омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиши нозукиҳои таҷҳизоти замонавӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд. 

Ин аввалин корхона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона намудааст.

Қаблан ин намуди маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Аз рӯи маълумот дар як сол тақрибан ба  маблағи 175 миллион доллари амрикоӣ  маҳсулоти тайёрӣ пластикӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли чунин намуди маҳсулот ба коҳиши сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат намуда, даромаднокӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба ин восита боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳаи саноат намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар доираи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бояд шумораи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат зиёд карда шавад ва ин роҳи муҳими афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхонаи навтаъсиси “Муосир пласт” ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид.

Муассисони корхона дар оянда боз нақша доранд, ки бо афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот қолабҳои навро ворид намуда, бо ин восита номгӯи маҳсулот ва теъдоди ҷойҳои кориро зиёд намоянд.    

Дар доираи эълони солҳои 2022 -2026 “Солҳои рушди саноат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 78 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 538 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки имрӯз фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:12, December 21, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 75 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph