Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:30, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 81 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

1. Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита -1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

​- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъбаро ба танзим медароранд;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер;

– сардори Шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

– дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

– Маоши мансабӣ 2115,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

ДАСТУРАМАЛИ

мансабии сардори Шуъбаи муҳосибот ва

хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1) ​Номи мансаб – сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) ​Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб аст.

3) ​Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- сардори Шуъба) аз тарафи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Раиси Кумита) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

4) ​Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба Раиси Кумита тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5) ​Ба сардори Шуъба сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис ҷамъ 3 нафар тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

6) ​Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори Шуъба уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси Шуъба ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси Шуъба уҳдадориҳои мансабиаш ба мутахассиси пешбари Шуъба вогузор карда мешавад.

7) ​Сардори Шуъба бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Кумита ва воҳидҳои сохтории маҳаллии Кумита ҳамкорӣ менамояд.

2. Талаботи тахассусӣ

Барои мансаби сардори Шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-​таҳсилоти олии касбӣ;

-​4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-​донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-​донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-​донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъбаро ба танзим медароранд;

-​мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-​мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-​на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-​кор карда тавонистан бо компютер.

9)​Сардори Шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-​дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнатӣ) бошад.

3.Уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъба

10) Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони Шуъбаро анҷом медиҳад.

11) Интизоми иҷроияро дар Шуъба назорат менамояд.

12) Маводҳои воридаро ба кормандони Шуъба барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.

13) Ба кормандони Шуъба супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.

14) Ҳуҷҷатҳои пулӣ, уҳдадориҳои молиявӣ ва қарзиро ба имзо мерасонад.

15)​Саривақт супоридани ҳисоботҳои моҳҳона ва семоҳаи омор, нозироти андоз, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва молия (баланс)-ро назорат менамояд.

16) Барои ба расмият даровардани амалиётҳои хоҷагидорӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои заруриро аз кормандони Кумита талаб менамояд.

17) Омода кардани ҷавоби мактубҳои воридотӣ, тайёр намудани супоришҳои пулӣ, назорати хароҷоти сафарҳои хизматӣ мувофиқи қарор ва тартиб додани ҳисоботҳои муҳосиботӣ.

18) Қабул намудани ҳисоботҳои молиявӣ (баланс) аз сохторҳои маҳаллӣ ва тартиб додани ҳисоботҳои семоҳаи умумии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ.

19) Мувофиқи дастурамалҳо тартиб додани сметаҳои хароҷотии дастгоҳи марказӣ, барномаҳои соҳавӣ ва назорати иҷроиши онҳо.

20) Назорати тартиб ва тарзи ҳисоб намудани маоши кормандон.

21) Назорати даромад, хароҷот ва тартиби ҳисоботҳои хазина.

22) Ҷамъбасти ҳисобҳои муҳосибӣ, тартиб додани китоби асосӣ ва тартиб додани баланси умумӣ.

23) Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақомот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

24) Нақшаҳои кори Шуъбаро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.

25) Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти Шуъба дахлдоштаро дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъба таҳия менамояд.

26) Фармону супориш ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовараи Кумита, фармоишу супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони Раисро дар доираи ваколатҳои Шуъба иҷро менамояд.

27) Дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Кумита иштирок менамояд.

28) Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.

29) Кормандони Шуъбаро бо назардошти фаъолияти корӣ, салоҳиятнокӣ, донишу малака ва сифатҳои касбӣ ба мукофотҳои давлатӣ ва имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории ҷумҳурӣ муайяншуда, пешниҳод менамояд.

30) Назорат намудан ҷиҳати ташкил ва таъмини таҷҳизотҳо, инвентарҳо (воситаҳои асосӣ ва гардон) ва дигар маводу ашёҳои коргузорӣ дар дастгоҳи марказии Кумита.

31) Таҳлил ва назорати воситаҳои асосӣ ва гардон.

32) Назорати доимӣ оид ба кору фаъолияти кормандони техникӣ.

33) Баланд бардоштани маҳсулотнокии кори Шуъба бо истифода аз усулҳои наву пешқадам.

34) Дигар супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони Раиси Кумитаро дар самти ҳисобдорӣ ва хоҷагидорӣ иҷро менамояд.

4. Ҳуқуқҳои сардори Шуъба

35)​Сардори Шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:

-​дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти Шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

– ​дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

-​маводҳои дар ихтиёри Шуъба қарордоштаро омӯзад;

– ​бо тартиби муқарраргардида аз воҳидҳои сохторӣ маълумот ва маводҳои барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;

-​ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти Бахш дахл доранд, ташкил ва баргузор намояд;

-​ барои мукаммал намудани самти кор дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти Шуъба ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклиф пешниҳод намояд;

-​дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Шуъба, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштааст, ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони Шуъба ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​Шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Кумита намояндагӣ кунад;

36) Сардори Шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

​​

5. Масъулияти сардори Шуъба

37)​ Сардори Шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-​ барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;​

-​мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;

-​барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

-​барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

– ​барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

-​барои риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;​

-​барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани вазифаҳои Шуъба, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони Шуъба;

-​барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволии хизматчии давлатии маъмурӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

-​дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

38) ​Сардори Шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

39) ​Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сардори Шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

40) ​Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии Шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сардори Шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2. Мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ё гуманитарӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.

9) Мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад;

– бо компютер кор карда тавонад.

– Маоши мансабӣ 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

ДАСТУРАМАЛИ

мансабии мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти

ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1) ​Номи мансаб – мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) ​Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи чорум мансуб аст.

3) ​Мудири Бахши кадрҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мудири Бахш) аз тарафи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Раиси Кумита) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

5) ​Ба мудири Бахш мутахассиси пешбар ва мутахассис ҷамъ 2 нафар тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.​

6) ​Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири Бахш уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси Бахш ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси Бахш уҳдадориҳои мансабиаш ба мутахассиси Бахш вогузор карда мешавад.

7) ​Мудири Бахш бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Кумита ва воҳидҳои сохтории маҳалии Кумита ҳамкорӣ менамояд.

2. Талаботи тахассусӣ

Барои мансаби мудири Бахш талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-​таҳсилоти олии касбӣ;

-​3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-​донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мудири Бахшро ба танзим медароранд;

9)​Мудири Бахш бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

3.Уҳдадориҳои мансабии мудири Бахш

10) Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти корманди Бахшро анҷом медиҳад.

11) ​Интизоми иҷроияро дар Бахш назорат менамояд.

12) ​Маводҳои воридаро ба кормандони Бахш барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.

13) Ба кормандони Бахш супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.

14) ​Нақшаи кори нимсолаи (солонаи) кормандро якҷоя бо он тартиб дода, тасдиқ менамояд.

15) ​Нақшаҳои кории Бахшро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.

16) ​Таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба сиёсати кадрҳо.

17)​ Назорати доимиро аз рафти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати кадрӣ таъмин менамояд.

18) ​Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони Бахш баррасӣ намуда, хулосаи Бахшро омода менамояд.

19) Дар асоси супориши роҳбарияти Кумита санҷиши фаъолияти сохторҳои Кумитаро ба роҳ мемонад.

20) Барои иҷрои вазифаҳо аз сохторҳои Кумита маълумотҳои дахлдор талаб менамояд.

21) Масъули кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ мебошад.

22) Маҳзани маълумотҳои хизматчиёни давлатии Кумитаро таҳия менамояд.

23) Баррасии пешниҳоди мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои кадрҳо назорат менамояд.

24) Рӯйхати захираи кадрҳо ва маълумотҳои омориро дар бораи захираи кадрӣ таҳия менамояд.

25) Ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати гузаронидани машваратҳо, семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ вобаста ба соҳа якҷоя бо сохторҳои Кумита мебошад.

26) Масъули баррасии муроҷиати (арзу шикоятҳо) шаҳрвандон дар Бахш мебошад.

27)​Масъули тартиби гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ мебошад.

28)​Масъули ҳисоб намудани собиқаи хизматчиёни давлатии Кумита мебошад.

29) Масъули гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.

30)​Масъули ба хизматчиёни давлатӣ пешниҳод намудани рутбаҳои тахассусӣ мебошад.

31) ​Фармоишҳои ҳайати шахсӣ, рухсатии меҳнатӣ ва истеҳсолиро омода ва пешниҳод менамояд.

32) Масъули баргузории озмунҳо барои ишғоли ҷои холӣ дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ мебошад.

33) ​Маҳзани маълумотҳоро оид ба теъдод ва ҳайати сифати хизматчиёни давлатӣ таҳия менамояд.

34) Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону супориш ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовараи Кумита, фармоишу супоришҳои Раисро дар доираи ваколатҳои Бахш иҷро менамояд.

35) Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом хабар медиҳад.

36) Дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Кумита иштирок менамояд.​​

37)​ Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.

38) Дигар супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони Раиси Кумитаро дар самти кор бо кадрҳо иҷро менамояд.

4. Ҳуқуқҳои мудири Бахш

39)​Мудири Бахш ҳуқуқҳои зерин дорад:

-​дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти Бахш дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

-​маводҳои дар ихтиёри Бахш қарордоштаро омӯзад;

– ​бо тартиби муқарраргардида аз воҳидҳои сохторӣ маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;

-​ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти Бахш дахл доранд, ташкил ва гузаронад;

-​ барои мукаммал намудани самти кор дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти Бахш ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Бахш, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштааст, ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони Бахш ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;

-​Бахшро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Кумита намояндагӣ кунад;

40) Мудири Бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

​​

5. Масъулияти мудири Бахш

41)​ Мудири Бахш дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-​барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани вазифаҳои Бахш, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони Бахш;

42) ​Мудири Бахш барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

43) ​Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мудири Бахш бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

44) ​Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии Бахш ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мудири Бахш мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

3. Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумита -1ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии сайёҳӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

ДАСТУРАМАЛИ

мансабии сармутахассиси Раёсати рушди

сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб– сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.

3. Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сармутахассиси Раёсат) аз тарафи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Раиси Кумита) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси Раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси дигари Раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси дигари Раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба сармутахассиси Раёсат вогузор карда мешаванд.

6. Сармутахассиси Раёсат бо кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Кумитававоҳидҳои сохтории маҳалии Кумита ҳамкорӣ менамояд.

2. Талаботи тахассусӣ

7. Барои мансаби сармутахассиси Раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

8. Сармутахассиси Раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёхӣ вахизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

3.Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсат

9. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси дигари Раёсат уҳдадориҳои мансабии ӯро иҷро менамояд.

​10. Назорат оид барафти иҷрои масъалаҳои сайёҳии дохилӣ дар маҳал

11. Масъули масъалаҳои ташкил дар чорабиниҳои ба зиммааш гузошташуда.

12. Ҳамоҳангсози пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар вилоятиСуғд.

13. Мусоидат дар назорати иҷроиши муросилот ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои Раёсат.

14. Ҳаррӯз оид ба ҳаракати маводҳо дар дафтарҳои бақайдгирӣ қайдҳо мегузорад.

15. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

16. Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

17. Муроҷиатҳои шахсонивоқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.

18. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони Раёсат баррасӣ намуда, хулосаи Раёсатро омода менамояд.

19. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.

20. Бо супориши роҳбари воҳиди сохторӣ ё роҳбари мақоми давлатӣ дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, ба роҳбари воҳиди сохторӣ гузориш ва ҳисобот пешниҳод менамояд.

21.Таҳияи дастурҳои методию амалӣ оид ба таъмини самаранокии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ.

22. Дигар супоришҳои сардори Раёсатро дар доираи қонунгузорӣ иҷро менамояд.

4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси Раёсат

​23. Сармутахассиси Раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

– аз воҳидҳои сохторӣ маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;

– дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

– ба роҳбари воҳиди сохторӣ ва ё роҳбари мақоми давлатӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;

– маводи дар ихтиёриРаёсат қарордоштаро омӯзад;

– дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти Раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

– дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти Раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

24. Сармутахассиси Раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. Масъулияти сармутахассиси Раёсат

​25. Сармутахассиси Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

​- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан вапешбурди делои шахсии худ;​

​-мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;

​-барои риоянакардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

​- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

​-барои риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

​-барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволии хизматчии давлатии маъмурӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

​-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

26. Сармутахассиси Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

27. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб додашуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошташуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

28. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз навташкилдиҳии Раёсат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси Раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

4. Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита -1ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Шуъбаро ба танзим медароранд;

мансабии сармутахассиси шуъбаи муҳосибот

ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб – сармутахассиси Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Сармутахассиси Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сармутахассиси Шуъба) аз тарафи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Раиси Кумита) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори Шуъба) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси Шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сардори Шуъба ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори Шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба сармутахассиси Шуъба вогузор карда мешаванд.

6. Сармутахассиси Шуъба бо кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории Кумитава воҳидҳои сохтории маҳалии Кумита ҳамкорӣ менамояд.

2. Талаботи тахассусӣ

7. Барои мансаби сармутахассиси Шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

8. Сармутахассиси Шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

3.Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Шуъба

9. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори Шуъба уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъбаро иҷро менамояд.

​​​10. Оид ба таҳияи Нақшаи кори Шуъба ва нақшаи кории нимсолаи (солонаи) худ ба сардори Шуъба таклиф пешниҳод менамояд.

11. Тартиб додани навишти бухгалтерии амалиётҳои хоҷагидорӣ.

12. Тартиб додани ҳисоботҳои умумии дастгоҳи марказӣ

13. Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва тартиб додани супоришномаҳои пулию дархостҳо барои пардохт намудани маош ва дигар хароҷотҳои Дастгоҳи марказии Кумита.

14. Навиштани ҷавоби мактубҳо ва иҷрои ҳама санадҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Назорати хароҷоти сафарҳои хизмати мувофиқи қарор ва тартиб додани ҳисоботҳои муҳосиботӣ.

15. Қабул намудани ҳисоботҳои авансӣ аз шахсони ҳисобдеҳ.

16. Мувофиқи дастурамалҳо сметаҳои хароҷотии дастгоҳи марказӣ ва барномаҳои соҳавиро тартиб дода, назорати иҷроиши онҳоро таъмин менамояд.

17. Назорати иҷрои саривақтии фармону супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба нигоҳубин ва тоза нигоҳ доштани дохил ва гирду атрофи бино.

18. Назорати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои табиӣ.

19. Ташкил намудани шароити гузаронидани баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва гардон.

20. Дида баромадан ва таъмир намудани утоқҳои корӣ, қубурҳои обгузар ва партовгузари бинои Кумита.

21. Ҳамасола аз нав ба ҳисоб гирифтани воситаҳои асосӣ ва гардон.

22. Қарорҳои Ҳайати мушовараи Кумита, фармоишу супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони Раисро дар доираи ваколатҳои Шуъба иҷро менамояд.

23. Дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Кумита иштирок менамояд.

​​​24. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

25. Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

26. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.

27. Дигар супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони Раиси Кумитаро дар доираи ваколатҳояшон иҷро менамояд

4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси Шуъба

​28. Сармутахассиси Шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:

– маводи дар ихтиёри Шуъба қарордоштаро омӯзад;

– дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти Шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;

– дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти Шуъба дахл доранд, иштирок намояд;

29. Сармутахассиси Шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. Масъулияти сармутахассиси Шуъба

​30. Сармутахассиси Шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

​- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;​

​-барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;

– барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

31. Сармутахассиси Шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

32. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси Шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

33. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии Шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси Шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

НОМГӮИ САВОЛҲОИ ОЗМУН БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Савол: Маълумоти муфасал дар бораи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон.

​2. Савол: Салоҳияти конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?

​3. Савол: Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?

​4. Савол: Мафҳуми хизматчии давлатиро шарҳ дихед?

​5. Савол: Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад?

​6. Савол: Захираҳои сайёҳии кишвар чиро дар бар мегирад?

​7. Савол: Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро гуед?

​8. Савол: Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз кадом мақомот иборат аст?

9. Савол: Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?

10. Савол: Маҳди (макони пайдоиш, гаҳвораи) сайёҳӣ куҷо аст?

11. Савол: Аҳамияти узвияти Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ.

12. Савол: Мақомоти давлатӣ аз рӯйи принсипи тақсимоти ҳокимият ба кадом намудҳо ҷудо мешавад?

13. Савол: Чӣ гуна давлатро давлати дунявӣ мегӯянд?

14. Савол: Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии ҶТ кай қабул шудааст?

15. Савол : Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул карда шудааст ва чиро муайян менамояд?

16. Савол: Принсипи ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти давлатиро шарҳ диҳед?

17. Савол: Ӯҳдадориҳои хизматчии давлати кадомҳоянд?

18. Савол: Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос гузаронида мешавад?

19. Савол: Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати кадом мақоми давлатӣ татбиқ мегардад?

20. Савол: Сини ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан чанд сол муқарар шудааст?

21. Савол: Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат буда ва аз тарафи кӣ муайян карда мешавад?

22. Савол: Ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гунна ҷомеа аст?

23. Савол : Пешниҳод нагардидани эъломияҳо дар мӯҳлати муқарраршуда ба чӣ асос шуда метавонад?

24. Савол : Критерияҳои асосии ба хизмати давлатӣ дохил шудан кадомҳоянд?

25. Савол: Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва кадом масъалаҳоро ба танзим медарорад?

26. Савол : Мафҳум ва моҳияти сайёҳӣ ва сайёҳро шарҳ диҳед?

27. Савол : Намудҳои сайёҳиро шарҳ диҳед?

28. Савол : Фаъолияти соҳибкорӣ чист ва он аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ чӣ фарқ дорад?

​29. Савол: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардидааст ва чиро танзим мекунад?

​30. Савол: Мафҳуми анъанаро маънидод намоед?

​31. Савол: Дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд маълумот диҳед» ?

​32. Савол: Ҷашнҳои расмиро номбар кунед?

​33. Савол: Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?

​34. Савол: Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» кай қабул гардидааст?

​35. Савол: Намудҳои муроҷиати шаҳрвандонро номбар кунед?

​36. Савол: Мақомоти ваколатдор дар соҳаи сайёҳӣ кадом аст ва кай таъсис ёфтааст?

​37. Савол: Сайёҳӣ ҳамчун илм чиро момӯзад?

​38. Савол: Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030?

​39. Савол: Омилҳои таъсиррасон дар кишвар барои рушди сайёҳӣ?

​40. Савол: Намудҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?

​41. Савол: Саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқитсодиёти кишвар?

​42. Савол: Сайёҳии дохилӣ чист?

​43. Савол: Дар ҶТ чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва онҳо дар кадом мақомот ба қайд гирифта мешаванд?

44. Савол: Суруди миллии Ҷумҳурии Точикистонро ироа намоед?

​45. Савол: Аввалин агенти машҳури сайёҳӣ кӣ буд?

​46. Савол: Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӣ иборат аст?

​47. Савол: Ӯҳдадорихои асосии хизматчии давлатиро шарҳ диҳед?

​48. Савол: Забони тоҷикӣ кадом сол мақоми давлатӣ гирифт?

​49. Савол: Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ маълумот диҳед?

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ (эъломияи андоз);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ (ИТС);

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 17 апрели соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3,

индекс: 734025, тел: (372) 27-85-79

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.47
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.2
RU TJS/RUB0.11
14 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Nov 2024 13:15 UTC
Latest change: 14 Nov 2024 13:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:30, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 81 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph