22 марти соли 2024, ноҳияи Ванҷ
Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Иди Наврӯз дар варзишгоҳи марказии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат Наврӯзи хуҷастапайро бо шукуҳи хоса таҷлил намуда истодаанд.
Зимни баромад раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Иди байналмилалии Наврӯз сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати кишвари азизамон табрик намуда, мавсуф дар доираи баромади худ оид ба арзиш ва таъриху пайдоиши ҷашни Наврӯз ва саҳми таҷлил намудани ин ҷашн дар рушди соҳаи сайёҳӣ суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи аҷдодӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Имрӯз ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон оғоз гардида, шумули зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврӯзро доранд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи анъанаҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Боиси хурсандист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистони азиз шукӯҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.
Инчунин таъкид гардид, ки бо шарофати фазои сулҳу амнияти пойдор дар кишвар ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтани кишвари азизамон, бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти миллии кишвар мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми баромад намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои кишту кори такрорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи маориф, риояи қонунҳои умумимиллӣ, дастгирии оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ятимон, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ, даст кашидан аз бегонапарастӣ дар пӯшидани сару либос, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, норасоии кадрҳо ва мақсаднок истифодабарии квотаҳои ҷудошуда дар ноҳия, таъмини деҳқонон бо техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ ва корҳои ободонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаро қайд намуд. Инчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ таваҷҷуҳи фаъолони ноҳияро оид ба таъмиру таҷдид ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳот, самараноку оқилонаи заминҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол дар ҳар як оила ва бунёд намудани анбору сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ ҷалб намуд.