Рӯзи 21 марти соли 2024 дар даври ҷамъбастии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии “MITT-2024”, ки аз 18 то 21 март дар маҷмааи бошукӯҳи Крокус Экспои шаҳри Москва барпо гардид, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешкаш намудани барномаҳои рангоранги фарҳангӣ аз қабили намоиши ҳунари рақси миллии гулдухтарони ансамбли рақсии “Санам” таҳти навои дилнишини мусиқии карнаю сурнайи тоҷикӣ, презентатсияи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокчиёни намоишгоҳ, бештар пешкаш намудани маводҳои таблиғотӣ оид ба хизматрасониҳо ва хуш пазироӣ намудани намояндагони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Федератсияи Россия дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон, дар номинатсияи “Фаъолтарин гӯшаи сайёҳии намоишгоҳ” бо дипломи Кумитаи тадорукоти намоишгоҳи “MITT-2024” сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил гардида, дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона ширкат варзида, хизматрасониҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулотҳои сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмӯъ захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муддати 3 рӯз манзури алоқамандони сайру саёҳат гардониданд.