Дар ҳошияи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия ҳайати Тоҷикистон дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сайёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT) ширкат варзид. Зимни ташрифи EMITT ҳайати кишвар бо роҳбарияти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ (TÜRSAB), Иттиҳоди сармоягузорони соҳаи сайёҳӣ (TTYD), Ширкати ҳавойпаймоии Туркия (Turkish Airlines) ва дигар ташкилотҳои тиҷоратию ширкатҳои сайёҳии Туркия имкониятҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути гуногунсамткунии зербахшҳои сайёҳӣ, фзоиши шумораи хатсайрҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, дар ҳошияи сафари мазкур байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати туркӣ Anatoli Health Assistance Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.