Маҷаллаи байналмилалии сайёҳии Conde Nast Traveler 10 январи соли 2024 гузориш дод, ки шаҳри Будапешти Маҷористон беҳтарин макони сайёҳии ҷаҳон дар соли 2024 дониста шуд.
Пойтахти Маҷористон дар раддабандии самтҳои сайёҳӣ, ки соли 2024 машщур хощанд буд, ҷои аввалро касб намуд. Ба феҳрист на танҳо кишварҳои Аврупо, балки кишварҳои дигари ҷаҳон низ шомил шудаанд. Дар давоми шаш моҳи охир афзоиши ташрифи сайёҳон ба Венгрия мушоҳида карда мешавад – махсусан аз Чин.
Дар байни чизҳое, ки таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба Будапешт меорад, коршиносон пеш аз ҳама меъмориро номбар карданд. Пойтахти Маҷористон услубҳои гуногунро пешкаш мекунад – аз art nouveaux (яъне санъати нав) то gotico (яъне давраи инкишофи санъати асримиёнагӣ) ва barocco (яъне яке аз хусусиятхои маданияту фарҳанги Аврупоии асрхои 17—18). Инчунин коршиносон чашмаҳои гарм, Пули занҷирӣ, ки қисматҳои шаҳрро дар саросари Дунай мепайвандад, Хонаи мусиқӣ ва Маркази миллии варзишӣ, ки варзишгоҳи асосии Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2023 буд ном бурданд.
Қаблан маҷҷалаи Time Будапештро ба рӯйхати самтҳои тавсияшудаи сайёҳӣ барои соли 2023 дохил карда буд.
Сарчашма: https://rossaprimavera.ru/news/77714d02