3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония муҳтарам Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,Хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Япония ва пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».