Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:22, December 21, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 80 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph

Тоҷикистон аз нигоҳи нависандаи лондонӣ

Дар нимаи моҳи декабри соли равон дар бораи Тоҷикистон дар сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Америка “National Geographic”, мақолаи ҷолибе бо сарлавҳаи «Харобаҳои империяи як замон пурқудрати Роҳи Абрешим дар Тоҷикистонро кашф намоед» нашр шуд, ки ба қалами нависандаи озод аз Лондон Ҳенри Висмайер тааллуқ дорад.

          Муаллиф дар мақола муҳимтарин бозёфти бостоншиносии Тоҷикистонро бо Мачу Пикчу муқоиса намудааст.

Дар ин ҷо тарҷумаи пурраи мақолаи ӯ оварда шудааст.

          «Аввал дар назар танҳо як майдони росткунҷа дар доманаи кӯҳҳои Помир дар маркази Тоҷикистони менамояд, вале замоне буд, ки дар ин сарзамин садои наъли асбҳо ба гуш мерасид.

          Дар домани фарохи кӯҳистон, ки болотар аз дарёи хурӯшони Аму ҷойгир аст, ин баландтарин майдони қадимаи бузкашӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

          Майдони марказии бозӣ замоне як шаҳраки паҳноваре буд, ки тӯли садсолаҳо нақши пойтахти сиёсӣ ва мазҳабиро мебозид, аммо бо гузашти замон дар мавҷи пуртуғёни таърих нопадид шуд.

  Ин майдон, ки 15 гектар паҳно дорад ба гуфтаи масъулин, муҳимтарин макони бостоншиносии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

          Ин муҳимтарин ёдгории миллӣ барои эҳёи ҳувияти тоҷикон маҳсуб мегардад. Инчунин ин ёдгорӣ як ҷозибаи эҳтимолӣ барои сайёҳонест, ки тариқи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ роҳ ба сӯйи Бадахшон пеш мегиранд.

          Ин шаҳраки бостонӣ аз нигоҳи аҳамияти таърихӣ ба Мачу Пикчу баробар буда, бостоншиносон онро Калъаи Кухна ё макони бостонии Карон — Қалъа яъне «замини баланд» меноманд.

Бозёфти асосии археологӣ дар Тоҷикистон

          Соли 2012 Юсуфшо Ёқубов бостоншиноси Академияи илмҳои Тоҷикистон барои таҳқиқи як теппаи номаълуми харобаҳои болои деҳаи кӯчаки Рузват дар доманакӯҳҳои ғарбии Помир ба минтақаи Дарвоз даъват шуда буд.

          Тоҷикистон дар тӯли асрҳо чорроҳаи тиҷоратии империя буда, дар он қалъаҳо, кӯшкҳо, мадрасаҳо ва корвонсаройҳо дар замони шукуфоии Роҳи Абрешим бунёд ёфтаанд.

          Юсуфшо Ёқубов бостошиноси ботаҷриба, ки ҳоло 87-сол дорад ҳангоми пайдо намудани ин макон дарҳол фикр кард, ки онҳо ба чизи ғайриоддӣ дучор шудаанд.

          Моҳи июл ҳангоми мулоқот бо ӯ дар шаҳри Душанбе, ӯ гуфт, ки солҳо дар бораи ин ҷой танҳо овозаҳо буданд, аммо пас аз оғози ковишҳои бостонӣ маълум шуд, ки ин макони махсус аст.

          Ҳайати ковишгарон таҳти роҳбарии Юсуфшо ба болои теппа баромада, ба кофтани девори қалъа, ки масоҳаташ кариб 20 метри мураббаъ буду гунбаз ва девораш аз хишти гилин бино ёфта буд, шуруъ намуданд.

          Вақте, ки тадқиқоти амиқтар сурат гирифт Юсуфшо ба хулосае омад, ки он “маъбади оташин” аст, ки шояд замоне дар он шӯълаи абадӣ ҷой доштю Яъне нишон аз дини зардуштӣ, ки аз империяи Форс дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиҳо то ба Эрон паҳн шуда буд (асри 6 пеш аз милод).

          Дере нагузашта бозёфтҳои дигар пайдо шуданд. Дар талу теппаҳои гирду атроф оромгоҳҳои бостонй кашф гардиданд.

          Кофтукови маъбади эҳтимолии обӣ ва расадхона дар паҳлӯи девори боқимондаи мудофиавӣ тахмини Юсуфшоро оид ба макони дорои мақоми махсуси расмӣ будани Карон тақвият дод.

          Далелҳо оид ба омода гардидани шароб ва коркарди тилло шаҳодати иқтисодиёти як замон шукуфои ин сарзамин мебошад. Тангаҳое, ки дар наздикии маъбади оташ ёфт шудаанд ба асри 2-и милодӣ тааллуқ доранд.

          Карон дар кисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) вокеъ аст.

          Ҳамин тариқ кашфи шаҳри бостонии Карон на танҳо ҳамчун як марҳалаи таърихи тоҷикон, балки ҳамчун рамзи бунёди давлатдорӣ аҳамияти калон дорад.

          Сарфи назар аз тамоми аҳамияти таърихии он, хронологияи Карон ҳамчун як масъалаи тахминӣ боқӣ мемонад.

          Павел Лури сарвари бахши омӯзиши Осиёи Марказӣ дар осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург, ки се мавсим бо Юсуфшо Ёқубов кор кардааст, мегӯяд: “Аз рӯи андоза ин макон метавонист як шаҳри асрҳои миёна бошад”. — Чунин маҳаллаҳои ахолинишин дар баландкӯҳҳои Осиёи Миёна ниҳоят каманд. Карон як сирри воқеӣ аст.”

          Дар асрҳои миёна Лури боварӣ дорад, ки шаҳраки Карон ба фано рафт. Чанд манобеъи адабӣ бар ин назаранд, ки қисмати охирини аҳолии он дар аввалҳои асри 17 ба далели хушк шудани чашмаҳои маҳаллии кӯҳистонӣ ба водии Панҷ кӯч бастаанд.

         

Сайёҳон чиро бояд донанд?

          Калъаи Хумб дар масофаи 370 км аз Душанбе дар доманаи қатторкӯҳҳои Помир ҷойгир аст. Автобусҳо ва микроавтобусҳо аз истгоҳи автобусҳои Бадахшон ҳаракат мекунанд ва тақрибан 12 соатро дар бар мегирад.

           Ширкатҳои сайёҳии тавсияшаванда, ки ба таври фарогир дар Помир таҷриба доранд – Orom Travel ва Paramount Journey дар Тоҷикистон ва Adventures Adventures дар Британияи Кабир мебошанд.

          Дар куҷо шабро гузаронидан мумкин аст: Меҳмонхонаи Карон Палас як бинои муосир ва бароҳат дар маркази Калъаи Хумб буда, ҳуҷраҳои асосӣ ва арзонтарро дар он пайдо кардан мумкин аст.

          Чӣ бояд кард: Қалъаи Хумб барои аксари сайёҳон як истгоҳи роҳи Хоруғ ва водиҳои Бадахшони Марказӣ аст. Боғи миллии Тоҷикистон дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

          Мавзеи Карон яке аз чойхои фархангии Помир, аз чумла чашмахои гарми Гармчашма ва калъаи таъсирбахши Ямчун мебошад, ки дар баландии долони Вахон вокеъ аст.

          Таъминкунандагон: Ширкатҳои сайёҳии тавсияшаванда, ки ба таври фарогир дар Помир тахассус доранд – Orom Travel ва Paramount Journey дар Тоҷикистон ва Adventures Adventures дар Британияи Кабир.

          Дар куҷо мондан: Палас Карон як меҳмонхонаи муосир ва бароҳат дар маркази Калъаи Хумб мебошад. Хонаҳои асосӣ ва арзонтарро дар яке аз хонаҳои сершумори меҳмонон, ки дар қад-қади роҳи асосӣ нишон дода шудаанд, пайдо кардан мумкин аст.

          Чӣ бояд кард: Калъаи Хумб барои аксари сайёҳон як истгоҳи роҳи Хоруғ ва водиҳои Помири Марказӣ аст. Боғи миллии Тоҷикистон ягона мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар кишвар аст. Он 10,000 километри мураббаъ аз қаторкӯҳҳои Помирро ишғол мекунад, ин як минтақаи зебои кӯҳҳои биёбонӣ ва қуллаҳои барфпӯши беш аз 23,000 фут ва макка барои сайёҳон ва кӯҳнавардҳо мебошад.

          Мавзеи Карон яке аз чойхои фархангии Помир, аз чумла чашмахои гарми Гармчашма ва калъаи таъсирбахши Ямчун мебошад, ки дар баландии долони Вахон вокеъ аст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:22, December 21, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 80 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph