Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:31, December 22, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 69 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-ро ифтитоҳ намуданд

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт бинои зебову замонавии Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Иншоот аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз раванди омода намудани ин навъи таоми миллӣ, ки аз сӯи таббохони моҳири марказ дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ дам андохта шуда буд, дидан карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ош яке аз хӯрокҳои болаззати миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардидааст.

Марказ дорои ду ошхона ва се толор, аз ҷумла толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот ва дигар шароити муосири хизматрасонӣ, аз ҷумла мониторҳои намоишӣ таъмин мебошанд.

Дар марказ ҳамчунин ду толори хӯрд ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст мавҷуд аст.  

Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.

Тарабхонаи миллии оилавӣ дар қабати дуюми марказ ҷойгир буда, дорои 290 ҷойи нишаст аст. Ҳамчунин дар ин толор 4 ҳуҷраи алоҳида барои мизоҷону меҳмонон ташкил гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин толор бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ки аз аввалин меҳмонони “Дунёи ош” буданд, суҳбат намуда, аз маҳбубият ва лаззати беназири таомҳои миллӣ ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон маъруф буда, санъати таббохии тоҷик тайи садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.

Толори маҳфилу чорабиниҳои марказ, ки бо санъати хос оро ёфтааст, дорои 220 ҷойи нишаст буда, бо нақшу нигори миллӣ ва насби мониторҳои калонҳаҷм бо ҳашамати беназираш барои ҳар як бинанда диққатҷалбкунанда мебошад.

Дар ин толор қандилҳои хӯрду бузург бо рангҳои гуногун, зиёда аз 200 чароғҳои равшанидиҳанда, монитор барои пахши мустақим ва намоиши барномаҳо насб гардидааст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҳаргуна ҷамъомаду чорабиниҳо мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дар як вақт ба 1060 нафар хизматрасонӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароит ва имконоти фароҳамгардида кормандону дигар масъулонро ба муомилаи хуб бо мизоҷону меҳмонон, муаррифии санъати баланди меҳмоннавозии тоҷикона, фарҳанги дастархонороӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳанги пурғановати миллати тоҷик роҳнамоӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири хизматрасонӣ дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе аз рӯи лоиҳаи Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Бо ифтитоҳи ин марказ 200 нафар, аз ҷумла 90 ҷавон ба ҳайси пешхизмат дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бинои иншооти хизматрасонӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар он лифт низ насб карда шудааст. Дар атрофи бино таваққуфгоҳ дар масоҳати 3500 метри мураббаъ барои 150 воситаи нақлиёт сохта шудааст.

Роҳравҳои атрофи марказ сафолакпӯш гардида, гулу ниҳолҳои ороишии шинонидашуда ба гашту гузор ва истироҳати сокинону меҳмонон таровату роҳат зам мекунад. Шабона равшаннамоии марказ ба ин гӯшаи шаҳри Душанбе зебоии хосса мебахшад.  

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин як маркази беназири хизматрасонӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе барои муаррифии бештари таомҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, фарҳанги меҳмоннавозии хоси тоҷикона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконот ва шароити замонавии хизматрасонӣ дар “Дунёи ош” ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов барои дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ барои сокинон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд ва ба масъулон ҷиҳати таъсиси чунин марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

    

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:31, December 22, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 69 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph