Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:32, August 16, 2025
23°C
49 %
1007 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:39
Sunset: 19:18
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
23°/24°°C 0 mm 0% 1 mph 49% 1007 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
21°/22°°C 0 mm 0% 2 mph 43% 1007 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
25°/26°°C 0 mm 0% 2 mph 32% 1008 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
32°/32°°C 0 mm 0% 5 mph 17% 1006 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
35°/35°°C 0 mm 0% 12 mph 14% 1004 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 13 mph 14% 1004 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1006 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 4 mph 27% 1007 mb 0 mm/h

Оғози кор оид ба таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон

Дирӯз, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии вазифаҳо ва нақшаҳои кории ширкатҳои машваратӣ барои таҳияи “Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он” ва “Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон” доир гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ хусусан Вазорати фарҳанг, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор, Кумитаи давлатии саармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва бахши хусусӣ фаъолона ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳои машваратии “HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.”-и испанӣ ва “KEIOS Consulting”-и итолиёвӣ оид ба ҳадафҳои минбаъдаи худ дар мавриди таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва минтақаҳои атрофи онҳо маърӯза намуданд.

Тавре таъкид гардид, минбаъд бо муваффақият тарҳрезӣ намудани нақшаҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва минтақаҳои атрофи онҳо аз ҳамкории зич ва ҳамоҳангии дуруст бо сохторҳои марбутаи вобастаии калон дорад. Бинобар ин аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва мақомоти маҳалии шаҳру навоҳии кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар давраи татбиқи лоиҳаҳои мазкур ҳамкориҳои худро бо ширкатҳои машваратӣ ҷоннок намоянд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои машваратӣ дар доираи сафари худ ба шаҳри Душанбе тибқи нақша бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо шаҳру навоҳии шомили минтақаҳои татбиқи лоиҳа ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва навоҳии атрофи шаҳри Душанбе сафар намуданд. Инчунин онҳо дар ҳошияи ин сафар бо раиси вилояти Суғд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Маврид ба ёдоварист, таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва шаҳри Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон дар доираи Лоиҳаи рушди сайёҳӣ тавассути ширкатҳои машваратии “HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.”-и испанӣ ва “KEIOS Consulting”-и итолиёвӣ амалӣ мегарданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.68
US TJS/USD9.35
EU TJS/EUR10.93
RU TJS/RUB0.12
15 Aug · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 15 Aug 2025 12:40 UTC
Latest change: 15 Aug 2025 12:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:32, August 16, 2025
23°C
49 %
1007 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:39
Sunset: 19:18
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
23°/24°°C 0 mm 0% 1 mph 49% 1007 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
21°/22°°C 0 mm 0% 2 mph 43% 1007 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
25°/26°°C 0 mm 0% 2 mph 32% 1008 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
32°/32°°C 0 mm 0% 5 mph 17% 1006 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
35°/35°°C 0 mm 0% 12 mph 14% 1004 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 13 mph 14% 1004 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1006 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 4 mph 27% 1007 mb 0 mm/h