Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:58, December 22, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 57 %
Pressure 1023 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Ифтитоҳи Мактаб-интернат ва муаррифии лоиҳаи бинои касбомузӣ дар ноҳияи Вахш

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахшро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

default

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Мактаб-интернат аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосӣ дорои 8 кабинети фаннӣ, аз қабили биология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, ҳуҷраи равоншиносӣ, китобхонаи муосир, ҳуҷраҳои кории маъмурият, омӯзгорону мураббиён, 8 тахтаи электронӣ ва синфхонаи ибтидоӣ мебошад.

Синфхонаҳои мактаб-интернат бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ ва айёнияти дарсӣ пурра таъмин аст.

Дар китобхонаи мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши бештари илмҳои муосиру дақиқ, касбу ҳунар, аз худ кардани технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Тибқи иттилоъ ҳоло дар муассиса 285 нафар кӯдаки ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд.

Тамоми биноҳои мактаб-интернат бо низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Бунгоҳи тиббии муассиса дорои таҷҳизоти нав барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ мебошад.

Хобгоҳи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахш аз се ошёна иборат буда, бо шароити муосир барои 350 кат бо нуқтаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ сохта шудааст.

Дар ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Толори маҷлис, ки дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад.

Масоҳати умумии иншоот чор гектарро дар бар гирифта, бо тарҳи муосир ва бо истифода аз унсури шаҳрсозии миллӣ бунёд шудаанд.

Саҳни муассисаро бештар аз 800 дарахти ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ шинонида шудааст.

Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарасторӣ ноҳияи Вахш дорои ошхонаи замонавӣ буда, таъом ва хӯришҳои гуногун омода карда мешавад.

Дар идома ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди биноҳои касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт барои ятимону бепарасторони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Вахш муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Маҷмааи иншооти сохташавандаи касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт ду гектар заминро ташкил дода, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад.

Бо бунёди бинои 4-ошёнаи касбомӯзӣ ва иншооти дигари замонавӣ барои рушди зеҳнию ҷисмонии тарбиятгирандагон шароити беҳтару муосир фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 285 нафар кӯдаки ятиму бепарастор тӯҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Тӯҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи либоси зимистона, шиму костюм, болопӯш, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ширинӣ, кӯмаки молии яквақтаина ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд.

Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

///http://www.president.tj/node/32111

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:58, December 22, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 57 %
Pressure 1023 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph