
Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали намоиш, фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокиҳо аз он, ки дар майдони бозори Меҳргони шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, гӯшаи анвои хӯрокиҳои лазизи аз кортошка омода шударо ба марази ҳаводорон ва дӯстдорони сайёҳии кишоварзӣ “Агротуризм” гузошт. Дар чорабинӣ субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, хусусан муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, анвои хӯрокиҳои аз маҳсулоти картошка омодашударо пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
Картошка баъд аз маҳсулоти нонӣ хӯроки дуюми мардум сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта, сокинони кишвар бо истифода аз маҳсулоти картошка таомҳои болаззат омода менамоянд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз рушди агротуризм дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дошта, баргузории ҳамасолаи Фестивали намоиши картошка дар кишвар ба рушди сайëҳии кишоварзӣ “Агротуризм” мусоидат менамояд.
Ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз гӯшаи намоиши Кумитаи рушди сайёҳӣ дидан намуда, барои дар сатҳи муносиб ташкил намудани намоиши анвои хӯрокиҳо ба роҳбарияти Кумитаи рушди сайëҳӣ сипосномаи Кумитаи тадорукоти фестивал тақдим карда шуд.












