Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
06:59, December 22, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 86 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча»-ро ифтитоҳ намуданд

15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бо мақсади зиёд кардани навъу намудҳои маҳсулот, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва тақвияти ҳаҷми содиротӣ муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” барои таъсису ба кор даровардани коргоҳи нав, ки дар он асосан курсиҳои нарм ва мебелҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррасу шоиста мегузоранд.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисон иттилоъ доданд, ки барои омода кардани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир оварда, васлу насб карда шуд.   

 Дар коргоҳи нав имконияти истеҳсоли то 100 номгӯи курсиҳои нарм ва мебелҳои махсуси чӯбин мавҷуд буда, 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд, ки бештар аз 40 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ 30 ҳазор курсии мулоими гуногун буда, раванди тавлиди маҳсулот дар алоҳидагӣ аз чанд марҳила, аз ҷумла коркард ва омода кардани чуби табиӣ, муайянсозии андозаи қисмҳои курсӣ, суфтакунӣ, ороиш бо ранг ва дигар маводи зарурӣ, интихоб ва дӯхти матоъ бо тарҳи зебою ҷолиб иборат мебошад. Масъулони коргоҳ иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила бо истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидору имконияти мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ мерасонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи коргоҳҳои ҷамъият, аз ҷумла дару тиреза, мебелҳои гуногун барои хона, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, курсиҳои мулоим ва дигар маводи ороишии аз чӯб омодашударо тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ содироти курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания”-ро ба он ҳидоят карданд, ки бозори дохилию хориҷиро ҳамаҷиҳата омӯхта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро зиёд намоянд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
06:59, December 22, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 86 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph