Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
06:52, November 1, 2025
11°C
66 %
1028 mb
0 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 06:51
Sunset: 17:25
Hourly Forecast
08:00
temperature icon
9°/11°°C 0 mm 0% 0 mph 66% 1028 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
13°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 56% 1027 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
17°/20°°C 0 mm 0% 2 mph 39% 1023 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 30% 1020 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 2 mph 39% 1021 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
11°/11°°C 0 mm 0% 2 mph 43% 1021 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
12°/12°°C 0 mm 0% 2 mph 41% 1020 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
11°/11°°C 0 mm 0% 2 mph 38% 1019 mb 0 mm/h

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он ошно гардиданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир карда шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров  ҷой дода шудааст.

Дар осорхона гӯшаҳое чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудааст. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадима, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд,  ҷой дода шудааст.

Зимни боздид иброз гардид, ки гӯшаи “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик  анҷом дода шудааст, маълумот медиҳад.    

Дар маҷмӯъ осорхона аз се бахш – “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар, нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани иншооти мазкур бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани  нигораҳои  ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ хоҳад кард.

Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардид.

Пас аз шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соядаст гузоштанд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои фаъолияти босамар, ҷалби мардум ба осорхона, хусусан, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин макони фарҳангӣ ба хотири тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.     

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.11
US TJS/USD9.23
EU TJS/EUR10.67
RU TJS/RUB0.11
01 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 01 Nov 2025 00:35 UTC
Latest change: 01 Nov 2025 00:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
06:52, November 1, 2025
11°C
66 %
1028 mb
0 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 06:51
Sunset: 17:25
Hourly Forecast
08:00
temperature icon
9°/11°°C 0 mm 0% 0 mph 66% 1028 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
13°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 56% 1027 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
17°/20°°C 0 mm 0% 2 mph 39% 1023 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 30% 1020 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 2 mph 39% 1021 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
11°/11°°C 0 mm 0% 2 mph 43% 1021 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
12°/12°°C 0 mm 0% 2 mph 41% 1020 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
11°/11°°C 0 mm 0% 2 mph 38% 1019 mb 0 mm/h