Шаҳри Лондон ин навбат низ макони баргузории чорабинии бошукӯҳи сайёҳии ҷаҳонӣ гардид.
Тӯли се рӯз дар пойтахти Британияи Кабир ҳамоиши бошукӯҳи Бозори Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ва ё World Travel Market баргузор гардид, ки ниҳодҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии аксари кишварҳои оламро ба ҳам овард. Лозим ба зикр аст, ки дар ин ҳамоиш ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои олам, ширкатҳои бонуфуз, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, воситаҳои ахбори омма ширкат варзида, табодули таҷриба ва вохӯриҳо баргузор намуда, шартномаҳо ба имзо мерасонанд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори дуюм дар ин ҳамоиши бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок мекунад ва бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандон, намояндагони меҳмонхонаҳо, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва дигар масъулон ин навбат Тоҷикистон ва иқтидорҳои сайёҳии онро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Бори нахуст ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозаи бузург дар чунин ҳамоишҳо ташкил дода шуда, зарфиятҳои Ҷумҳурӣ дар самти сайёҳӣ бо ҷалби доираи васеи мутахассисони соҳа, ширкатҳо, соҳибкорон, роҳбаладон, рӯзноманигорон муаррифӣ гардиданд.
Дар ин ҳамоиш бо ширкати ҳамагон ролики таблиғотии омоданамудаи ширкати телевизионии BBC World News доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пахш гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии бо роҳбарони ҳайатҳои, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон, масъулони рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии кишварҳои олам баргузор гардид.
Ҳамзамон намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мамлакат бо пешниҳоди лавҳаҳои таблиғотӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, меваҳои шаҳдбор, олами нодири набототу ҷонварон ҷиҳати ҷалби сайёҳон ҳиссагузорӣ намуданд.
Ҳамзамон вохӯрии масъулони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани донишҷӯёни мамлакати мо ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ҷалби устодони варзида ба ҷумҳурӣ вохӯриҳо ташкил намуданд.
Метавон гуфт, ки баргузории ҳамоиши навбатии сайёҳии Бозори Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ва ширкати ҳайати Тоҷикистон дар он ба рушди ин самти муҳим мусоидат намуда, барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба мамлакати мо замина мегузорад.