Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:59, December 22, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 80 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ дар вилояти Суғд”

2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ дар вилояти Суғд” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, намояндаи вилояти Суғд, роҳбарият ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон, намояндагони осоишгоҳову санаторияҳо ва ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориљии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП – 321 тасдиқ шудааст ва дар доираи таҷлили 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Пеш аз оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, намояндагони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он бо мақсади гиромидошт аз мақому манзалати зан-модар дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери муҷассамаи “Дуои модар” гулчамбар гузоштанд.

Ҳамзамон ҳайати мазкур бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои шаҳри Бӯстон оид ба эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, аз коргоҳи “Зари тоҷик”, коргоҳи “Қолинбофӣ” ва коргоҳи “Дузандагӣ” дидан намуданд.

Дар оғози Ҳамоиш нахуст Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, сухани ифтитоҳиро ироаи намуда, иштироки ҳозиринро дар ҷорабинӣ қудуми муборак хонданд.

Сипас Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод суханрони намуда, қайд намуд, ки соҳаи сайёҳи яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таьсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифгари фарҳанту таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кулҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, куҳҳои осмонбус, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот вa манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат рушду такомул ефтааст.

Боиси тазаккури хос ва ифтихор аст, ки дар натиҷаи ташаббуси созгори Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳури ташрифоварда дар соли 2019 ба 1 млн. 257 хазору 300 нафар расид, ки ин баландтарин нишондиҳандаи ташрифи сайёхон дар давраи истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб меравад.

Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори ғании табиӣ барои рушди сайёҳии табобатӣ имкониятҳои зиёд дорад, зеро дар мамлакат беш аз 200 чашмаи оби маъданӣ ва 18 кули лойқадор ва шури муоличавӣ мавҷуданд, ки ин зарфиятҳо мамлакати моро бо мавзеъҳои табии диққатҷалбкунанда, мавзеъҳои солимгардони ва обҳои шифобахшаш машҳур кардааст.

Ҳамзамон, Раиси Кумитаи рушиди сайёҳӣ дар рафти суханронӣ зикр намуд, ки тибқи таҳлилҳо сайёҳон асосан ба обҳои шифобахш таваҷҷуҳ доранд ва дар бештари ҳолатҳо ба осоишгоҳҳо барои табобати бемориҳои системаи асаб, артрит, остеохондроз ва буғумдард муроҷиат мекунанд.

Дар осоишгоҳҳои «Хавотон», «Зумрад», «Баҳористон» ва «Ависсити»-и вилояти Суғд, ки дорои обҳои маъдании шифобахш мебошанд, садҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ табобат мегиранд.

Ин маконҳо бо табиати нотакрор, манзараҳои зебо, ҳавои соф, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳсоб мераванд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби коршиносон ва устодону мутахассисони соҳаи сайёҳӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳа ва омилҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар мубодилаи афкор сурат гирифта, чорабинӣ бо ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:59, December 22, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 80 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph