Имрӯз 17 октябри 2023 дар шаҳри бостонии Самарқанд дар ҳошияи 25-ум иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Ҷаҳонии Сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO) Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуданд.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд намояндагони беш аз 140 давлати дунё, хусусан Котиби генералии Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ҷаноби Зураб Пололикашвили, ҳайати Кумитаи тадорукоти Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалии сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар Маркази конгресси Роҳи Абрешим Самарқанд Намоишгоҳи молу маҳсулотҳои сайёҳӣ доир гардид, ки дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи сайёҳии худро дар фармати рақамӣ ташкил намуд. Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо истифода аз ин гӯшаи муосири сайёҳии кишвар имкониятҳои хизматрасонии худро дар шакли бурқа ва буклетҳои таблиғотӣ манзури ҳаводорони сайру саёҳат гардониданд.
Зимнан дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад лоиҳаҳои сармоягузории сайёҳиро пешкаши сармоягузорони хориҷӣ гардонид. Ҷараёни кори форум аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардида истодааст.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ нақша дорад, ки рӯзҳои 19-20 октябри 2023 дар ҳошияи иҷлосияи мазкур Семинари минтақавии сайёҳиро бо иштироки намояндагони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ барпо намояд.