Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Камолиддин Муминзод бо кӯҳнавард – устоди варзиши сайёҳии куҳӣ Фарҳод Муминов сурат гирфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо бобати як қатор пешниҳодҳои муфид ва саривақтӣ бари рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла намуди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва ба ин васила ҷалби бештари ҳаводорони сайру сайёҳати куҳӣ муҳокимаҳо сурат гирифт.
Аз ҷумла масъалаи ташкил намудани машғулиятҳои идоравӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба намуди сайёҳии кӯнавардӣ, омӯзонидани техникаҳои бехатарӣ барои фатҳи куҳҳои сарбафалаккашида миёни донишҷӯёни риштаи таҳсилоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре маълум аст Ҷумҳурии Тоҷикистон бо куҳҳои сарбафалаккашидаи худ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои боду ҳавои тозаву озода, обҳои шифобахш, куллу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор, ки диқати сайёҳонро ҷалб менамояд номдор гардидааст.
Қайд гардид, ки сайёҳии куҳнавардӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёби гардида, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби дустдорони ин навъи сайёҳӣ пайваста корҳои амалӣ роҳандози гардида истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади рушди сайёҳии куҳнавардӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар муассисаҳои таълимии олии ва миёнаи касбӣ машғулияти идоравӣ бо ҷалби кӯҳнавард – устоди варзиши сайёҳии куҳӣ Фарҳод Муминов бо фарогирии 400 нафар устодон ва донишҷуёни риштаи сайёҳӣ дар моҳҳои апрел ва майи соли 2023 ташкил карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ бештар ба намудҳои сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва шикор бештар майлу раѓбат доранд.