Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:53, November 24, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 100 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ рӯз аз рӯз ба Тоҷикистон зиёд гардида истодааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2023 шумораи умумии шаҳрвандони хориљие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 181 ҳазор 876 нафар ё 40,7 % зиёд гардида, аз ин шумора 487 ҳазор 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳӣ (тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ) арзёбӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 124 ҳазору 314 сайёҳ ё 34,2 % зиёд мебошад.

Дар рафти ҷаласа ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати супориш дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ,сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Ба аъзои Шӯрои байниидоравӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҷоннок намуда, дар ин самт масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2022 гузориш дод.

Дар кори ҷаласаи Шӯро ҳамзамон гузориш оид ба натиҷаҳои таҳлили раванди арзёбии рейтингҳои байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон, шарҳи масъалаҳои таъмини бехатарии сайёҳон ва кӯҳнавардҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва пешниҳоди тадбирҳо оид ба вусъат додани рушди сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид  рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронӣ, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
23 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Nov 2024 00:35 UTC
Latest change: 23 Nov 2024 00:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:53, November 24, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 100 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph