14.09.2023 вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитиаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии сафорати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон) Пис Кеннеди баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармоя рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ, ва истифодаи самараноки таҷрибаҳо оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.