«Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҳунармандони ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд ва сокинону меҳмонони пойтахт ширкат доштанд.
Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонону иштирокчиёни фестивалро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ҳадафи баргузории ин чорабинии пуршукуҳро шарҳ доданд.
Фестивал ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.
Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз брендҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати Тоҷик арзёбӣ мегардад.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ тавассути маводи тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он барои боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бойи қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.
Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фароғатию консертӣ пешкаш гардид.








