Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки
22 марти соли 2026, соати 15:00
дар Боғи Ирами пойтахт
Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” баргузор мегардад.
Дар доираи фестивал барномаҳои рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар пешбинӣ шудаанд.
Чорабинӣ бо мақсади рушди сайёҳӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Ҳамаи Шуморо самимона даъват менамоем!





