27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд Форуми сайёҳии Созмони Ҳамкории Исломӣ (ОҲИ) дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» баргузор гардид. Дар кори форум роҳбарони сохторҳои давлатӣ, коршиносон ва намояндагони бахши хусусӣ аз кишварҳои узви ОҲИ иштирок намуданд.
Дар баромади худ раиси Кумитаи сайёҳӣ имкониятҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲИ ва аҳамияти тақвияти робитаҳои сайёҳӣ дар минтақаи Осиёро таъкид кард.
Ҳамчунин ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои муштарак ва омодагии кишвар барои густариши ҳамкориҳои амалӣ зикр гардид.








