Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:01, November 12, 2025
19°C
20 %
1024 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 07:03
Sunset: 17:14
Hourly Forecast
14:00
temperature icon
17°/19°°C 0 mm 0% 1 mph 20% 1024 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
14°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 21% 1024 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
11°/14°°C 0 mm 0% 3 mph 26% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 3 mph 33% 1027 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 3 mph 32% 1026 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 30% 1027 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1027 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 14% 1025 mb 0 mm/h

“WORLD TRAVEL MARKET – 2025” ВА ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОН

Дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои боз» – и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market – 2025”, ки аз 4 то 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Лондон ҷараён мегирад, ташкил намуда, иқтидору имкониятҳои ғании сайёҳиии ҷумҳуриро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд.

Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон барои ҳаводорони сайру саёҳат ба кишвари зебою дорои тамаддуну фарҳанги ғании мо бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои гардишгарии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир, тамаддуни рангину қадима, обҳои мусаффо, меваҳои тару хушки хуштаъми ватанӣ муаррифӣ карда мешавад.

Платформаи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market -2025”, ки дар он намояндагони беш аз 180 давлати ҷаҳон, 40 ҳазор ширкату меҳмонхона, мутахассисон ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳа иштирок доранд, имкон медиҳад, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо ва ташкилоту анҷуманҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар хидматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намуда, тариқи вохӯриҳои «В2В» ва «В2С», ки дар рафти он баргузор мегарданд, ҳамкориҳоро бо ҳамтоёни худ баррасӣ ва таҳким бахшанд.

Дар ин намоишгоҳ ширкатњои дар соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла “Шоҳтур”, “Маркази солмигардонӣ ва рушди сайёҳӣ”, “Боми ҷаҳон тур”, “Расул тур” ва дигар субъектҳои хизматрсон дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои гардишгарии кишварро муаррифӣ намудаистодаанд.

Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи гардишгарӣ ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои таҳкими соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳа муҳиму назаррас маънидод мекунанд.

Дар мулоқотҳо бо роҳбарону намояндагони созмону иттиҳодияҳои бонуфузи Шоҳагрии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва дигар кишварҳои иштирокчӣ намояндагони ҷумҳурӣ оид ба зарфияти сайёҳии кишвар маълумот дода, зикр намуданд, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намудааст.

“WTM”, ки мутахассисони сайёҳиро аз саросари ҷаҳон ба ҳам меорад, майдони фарохи табодули таҷриба, ба роҳ мондани шарикӣ ва ташаккули дуранмои ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ташкили гӯшаи кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, иштирок дар ҷаласаҳо ва ҳамоишҳои Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, форум, пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ, инфотурҳо дар хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандони бахши сайёҳӣ дар кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта баргузор гардидаистодаанд.

Дар рӯзи аввали баргузории Намоишгоҳи байналмилалии“World travel market – 2025” роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор намояндагони сайёҳии давлатҳои гуногун ва ширкату расонаҳо мулоқотҳои судманд анҷом дода, дар доираи он масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳо, рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, кадрӣ ва рақамикунонии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи вохӯриҳо, ки дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур сурат гирифтанд, оид ба табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ташкили барномаҳои муштарак гуфтугӯ анҷом доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.2
US TJS/USD9.28
EU TJS/EUR10.74
RU TJS/RUB0.11
12 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 12 Nov 2025 04:10 UTC
Latest change: 12 Nov 2025 04:10 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:01, November 12, 2025
19°C
20 %
1024 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 07:03
Sunset: 17:14
Hourly Forecast
14:00
temperature icon
17°/19°°C 0 mm 0% 1 mph 20% 1024 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
14°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 21% 1024 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
11°/14°°C 0 mm 0% 3 mph 26% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 3 mph 33% 1027 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 3 mph 32% 1026 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 30% 1027 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1027 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 14% 1025 mb 0 mm/h