Имрӯз дар музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими нави ба имзо расонии санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид.
Боиси ифтихормандӣ ва рушди соҳа мебошад, ки дар музокироти сатҳи олӣ Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.