Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазири Киш-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ дар рафти баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE).

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самти саноати сайёҳӣ аз ҷумла, истеҳсолу фурӯши фрмуғонҳои сайёҳӣ бо унсурҳои миллӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Кумита иброз гардид, ки бо сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муааззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо дар самти сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли рушд қарор дошта, ин барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар ҳама намудҳои сайёҳӣ байни ду кишври ҳамзабону ҳамфарҳанг, ҷалби сармоягузорони эронӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва зиёд гарддани гардишгарон аз ҳардуҷониб заминаи мусоид мегузорад.