Рӯзи 12 феврали соли 2024 дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE) мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо мудири кулли сайёҳӣ ва гардишгарии вилояти (Устон) Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ ҷиҳати ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва зиёд намудани гардишгарон аз ҳардуҷониб баррасӣ намуданд.

Инчунин аз ҷониби раиси Кумита иброз гардид, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад ва дар баргузории ин идии ниёгон урфу одат, хурок, ва либосу анъанаҳои милли тоҷикиӣ ба намоиш гузошта мешавад, ки ҷиҳати аз наздик ошно шудани фарҳанги пуғановати миллати тоҷик ташрифи гардишгарони эронӣ дар баргузории иди наврӯз бисёр муҳим маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити бародаршаҳрӣ дорад.