Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» (TITE), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омӯзиши таҷриба, шиносоӣ бо имконоти сайёҳӣ ва ташкили хатсайрҳои нави сайёҳиро барои зиёд намудани гардишгарон баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.
11 феврал дар шаҳри Теҳрон дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон то 14 феврали соли 2025 идома меёбад.