3 феврали соли 2025 дар ҳошияи баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорат ва саноати Кувейт Халифа Абдулло Доҳӣ Ал-Аҷил Ал-Аскар баргузор гардид
Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдзода Зубайдулло, муовини якуми Вазири молия Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Худобахш Шарифа, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух, мудири бахши хориҷаи дури Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Баҳодур, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло, муовини Директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор, сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷовид Икромӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ёрибек, инчунин сардори шуъбаи Африқои Раёсати Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ Шарифзода Низомҷон иборат мебошад.
Дар оғоз Завқизода З. А. қайд намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувейт муҳтарам Шайх Мешъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориву сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувейтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин сайёҳӣ пешниҳодоти мушаххас ироа гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои таҳкими равобити иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён намуданд.
Вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Кувейт идома доранд.