26 январ дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи омодагӣ ба танзими чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузори сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор намуданд.