Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо маблағҳои зиёд равона карда шудааст. Дар ин давра дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти дурдасти он як зумра иншооти муҳим ба истифода супорида шуданд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 80 иншооту биноҳои иҷтимоию истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд, ки ба ин соҳаҳо марҳила ба марҳила сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роњбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни сисолагӣ дар ноҳияи Ванҷ иштирок намуда, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони баруманди ноњия расонид.

Рӯзи 6 сентябри соли равон дар ноњия чорабинии тантанавӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ, намоиши китоб ва барномаи фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, собиқадорони меҳнат, роҳбарони идораю муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.

Барои дастовардҳои арзанда, саҳм гузоштан дар рушду ободонӣ ва созандагии ноҳия ба роҳбарону кормандони фаъоли ноҳия ифтихорномаи раиси ноҳия тақдим карда шуда,  барномаи консертӣ баргузор гардид.

Ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки беш аз 1000 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсӣ, воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони захиравӣ гузашти низомӣ доир гардид.

Дар гузашти низомӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон табрик намуданд.

Дар таърихи 8 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси ноҳия ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як силсила иншооти љашнии сохташуда, аз қабили сехи дузандагии зани ҳунарманд Шехова Қандиламо бо маблағи 110 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз тарафи соҳибкор Пиров Саъдулло ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи соҳибкор Маҳмадбеков Ҳокимбек ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, дорухона дар деҳаи Ширговади Ҷамоати деҳоти Ҷамоати деҳоти Рованд ноҳияи Ванҷ аз тарафи соҳибкор Туронов Шодмон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидон аз тарафи соҳибкор Шоев Ҳикмат ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Рӯзи 9 сентябри соли 2021 роҳпаймоиии осоишта бо иштироки тамоми идораю муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо  ва дигар сохторҳои дар ноҳия фаъолиятдошта, беш аз 2500 нафар сокинони ноҳия дастовардҳои идораю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳотӣ ва ташкилоту корхонаҳоро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин барномаи театрикунонидашуда бо иштироки ҳаваскорон ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ манзури бинандагон гардонида шуд.

Дар ин давра  таљлили ҷашни муқаддасу таърихӣ дар ҷамоатҳои деҳотӣ аз 1 то 5 сентябр ва идораю муассисаҳо,ташкилоту корхонаҳо  аз 30 август то 5 сентябри соли ҷорӣ бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои  анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 2021” дар ноҳия Ҷадвали баргузории фестивал озмунҳо вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин давра Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, озмунҳои “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Тайёр кардани хуришҳои миллӣ ва муосир”, “Мисгарию оҳангарӣ” , “Нон шудам шоиста ҳар хон шудам” фестивали “Сад  ранги чакан”, “Чакомаи гесу” “Атласу адрас”, “Ҳунар омӯз”, “ Ҳунар беҳтар аз зар бувад” Фестивали «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир  фестивали «Яхмос ва обҳои ташнашикан», фестивали “Тоҷикона мепӯшем” , фестивали бозиҳои миллии варзишӣ тибқи ҷадвал гузаронида шуда, ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ғолиби озмуни ноҳиявӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, дар озмуни даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, соҳиби диплом ва ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ таъсис дода шуда, дар маҳалҳо оид ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, “Ваҳдати миллӣ”, «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва ҳифзи Истиқлолият»  ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омада ба деҳаҳо сафарбар гардида, ба мардум пайваста сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд.

Дар ин давра дар 57 деҳаҳои ноҳия вобаста ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинихои фарҳангӣ бо намоиши дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба дастомада ба намоиш гузошта шуданд.

Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишии гуногун, аз ҷумла “Ҷоми Раиси ноҳия” аз рӯйи намуди волейбол байни ҷавонони ноҳия, 2 гуштини дзюдо, 1 гуштини миллӣ, мусобиқаҳои деҳа ба деҳа (футбол, волейбол, шашка ва шоҳмот, гуштини миллии гӯштингирӣ), теннис байни наврасон ва ҷавонон ва тарбиятгирандагони лагери тобистона, фестивали бозиҳои варзишӣ ва дигар мусобиқаю бозиҳои варзишӣ гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ба хотири тарғиби дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, тараннуму ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон  маҳфилҳои шеъру суруди “Ширу шакар” бо иштироки ҳунармандони ноҳия ва муаррифии Романи нависандаи ноҳия Холиқов Хушқадам “Кӯҳи оҳанин”, озмуни “Маърифати андозсупорӣ”, “Ман зебо менависам”, маҳфили Турсунзодахонӣ, конференсия таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ” дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ,  Конференсияи илмӣ амалӣ ба муносибати 110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Ба мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, дарёфти рушди истеъдодҳои нави санъат ва амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ҷиҳати рушди тафакури техникӣ, пайдо намудани дастраси ба соҳаи техникаю технология ва ҷиҳати иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман”  қарорҳои раиси ноҳия ба тасвиб расида , комиссияи ноҳиявӣ ва ҳайати ҳакамон таъсис дода шуда, даври якум ва  дуюми озмунҳои мазкур  дар сатҳи муассисаҳо, ҷамоатҳо ва ноҳия гузаронида шуда, ғолибони ин озмунҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи зебоманзари диёрамон соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷро, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд сарҷамъ намуда, бо онҳо вохӯрӣ баргузор намуд.

Аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд ва дар вохӯрӣ диққати соҳибкорон маҳз ба ҳамин масъала нигаронида шуд.

Айни замон дар 14 деҳаи ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони майдонча ва толори варзишӣ оғоз гардида, дар ин ҷода корҳо идома доранд.

Ноҳияи Ванҷ барои рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва экологӣ дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Хусусан мавзеъҳои таърихию истироҳатии Пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки маводҳои итилоотию тарғиботии Кумитаи рушди сайёҳӣ  низ маконҳои тамошобоби минтаќаро фаро гирифта дар байни дўстдорони сайру саёҳат бо тариќи ройгон паҳн гашта истодаанд.

Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ноҳия иқтидори воқеӣ дорад, Наздики сад нафар ҳунарманди ноҳия дар намоишгоҳҳои сайёҳию ҳунармандӣ аз рӯи намудҳои оҳангарӣ, бофандагӣ, сузанидузӣ, чубтарошӣ, дуредгарӣ, дузандагӣ, сабадбофӣ дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тақвият бахшидани рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, аз имконияти мусоид самаранок истифода намуда истодаанд.