Изҳороти ҷавонони соҳаи сайёҳӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрўз мо – кормандони ҷавони соҳаи сайёҳӣ бо эҳсоси баланди ватандўстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Воқеан, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат инчунин соҳаи сайёҳӣ дигаргуниҳои куллӣ ба назар расиданд, ки инро мо бевосита дар соҳаи сайёҳӣ мушоҳида менамоем.
Соҳаи сайёҳӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарзамини кӯҳистон мебошад, бо табиати зебову нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми меҳмоннавозу некухисолаш қалби ҳазорон сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ба тамошои манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон меоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шуда истодаанд.
Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 нишондиҳандаҳои мазкур то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷуғрофияи ташрифи хориҷӣ ба Тоҷикистон васеъ гашта аз 60 мамлакати дунё дар соли 2010 ба зиёда аз 140 кишвари олам расид.
Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии бахши хусусӣ нисбати фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, айни замон дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ бештар аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба маротиб зиёд мебошад.
Дар ин замина, дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Дар асл, зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайкораш рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст, умеду ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷомаи амал пӯшонид.
Мо кормандони ҷавони соҳаи сайёҳӣ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.
Бинобар ин, ба хотири ҳифзи Ватан мо бояд таъмини амнияти солимӣ ва ҳифзи муҳити зисту беҳдошти кишвар, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизро бар дўш гирифта, эҳтиромона аз номи тамоми кормандони ҷавони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешниҳодамудаи Иттифоқи қасабаи мустаъқили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.