Интизор меравад, ки дар оянда 26 гурӯҳи сайёҳони амрикоӣ аз Тоҷикистон боздид намоянд. Сафари сайёҳони   амрикоӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкати амрикоии сайёҳии «MIR» ташкил карда мешавад. Чунин зикр шуд дар мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Раиси ширкати амрикоии сайёҳии «MIR» Даг Гримес ва муовини ӯ Эни Лукас,  Директори иҷроиявии Шӯрои соҳибкорони Амрико Тоҷикистон Елена Сон ва роҳбарони якчанд ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари `ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ табиати зебо ва имконияти нотакрор барои сайру саёҳат дошта, қаторкӯҳҳо, шаршараҳои мусаффо ва манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро метавонанд бештар ба Тоҷикистон ҷалб намоянд». Мавсуф зикр намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон нишонаҳои тадриҷан барқароршавӣ аз COVID-19 ба назар расида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷонибҳои ҳавасманд дар соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам оварда шудааст.

Бо мақсади истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастрасии электронии раводид тавассути низоми e-visa, фаъолияти марказҳои иттилооотӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин бахш заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шуданд. Ҳукумати мамлакат дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ барои ин соҳа тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Роҳбари ширкати «MIR» гуфт, ки таҷрибаи самаранок истифода бурдани имконияти мавҷуда ва хусусияти хоси ҳар давлатро дорад. Зикр карда шуд, ки аллакай гурӯҳҳои сайёҳони амрикоӣ нияти боздид аз Тоҷикистонро доранд ва изҳори умед карда шуд, ки вазъи паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон идорашаванда ва муътадил мегардад. Дар баробари ин ширкат ҷиҳати ташкили сафарҳо ба сайёҳони алоҳида омодагӣ дида истодааст.

Дар мулоқот масъалаҳои мунтазам баргузор намудани вебинарҳои муштарак ҷиҳати тарғиби имконияти сайёҳӣ ва пешниҳоди иттилооти бештар оид ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, низоми дастрасии раводид, беҳтар намудани инфрасохтор ва логистика, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои иттилоотӣ (advertising company), таблиғи бештари низоми пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла Visa мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин доир ба масъалаи эмкунии сайёҳон дар кишвар маълумоти мухтасар манзур гардид.

Дар интиҳои мулоқот мусоҳибон барои рушди ҳамкории минбаъда дар самти сайёҳӣ ва ҳарчӣ бештар ташкил намудани вохӯриҳо байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Амрико изҳори умед намуданд.