Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:46, March 16, 2026
8°C
76 %
1023 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 67%
Sunrise: 06:35
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
8°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 76% 1022 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
9°/12°°C 0 mm 0% 3 mph 66% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/13°°C 0 mm 0% 4 mph 54% 1017 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 5 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 56% 1015 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 53% 1014 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 3 mph 51% 1013 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 50% 1014 mb 0 mm/h

Натиҷагирии иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2026

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2026, ки рӯзҳои 3–5 марти соли 2026 дар шаҳри Берлин баргузор гардид, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Намоишгоҳи мазкур яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузоронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам меорад.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳайати кишварро ба роҳ монд.

Дар ташкили иштироки ҳайати Тоҷикистон саҳми назарраси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба мушоҳида расида, сафорат бо мусоидат дар масъалаҳои ташкилию дипломатӣ, барқарор намудани робитаҳо бо доираҳои тиҷоратӣ ва сайёҳии Олмон ва ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷӣ ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим гузошт.

Меҳмони фахрии гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Berlin Кристиан Гроссе (Christian Grosse) рӯзноманигор, блогер ва фаъоли ҷамъиятии олмонӣ мебошад. Ӯ муаллифи маҷаллаи тиҷоратии«NewsMark» буда, мақолаҳои ӯ доираи васеи мавзӯъҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд.

Дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2026 дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов, ҳамзамон бо академик, муҳаққиқ ва коршиноси эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ Мирослав Рончак, ки зиёда аз 30 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дорад, суҳбат намуданд.

Ҷонибҳо барои ташкили Форуми муштараки сайёҳии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 бо мақсади ҷалби сайёҳон аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо инчунин, роҳандозии барномаву хатсайрҳои нави сайёҳӣ аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи намоишгоҳ имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ба таври васеъ муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ мулоқоту гуфтушунидҳои судманд анҷом дода, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, роҳандозии сафарҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳии кишварро баррасӣ намуданд. Дар ҳошияи намошгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни хеш беш аз 20 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо гӯшаи сайёҳии кишварро дар давоми се рӯзи чорабинӣ беш 3000 ҳазор меҳмонону сайёҳон ва дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон дидан намуданд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ITB Berlin 2026 ба муаррифии минбаъдаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бозори байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.71
US TJS/USD9.61
EU TJS/EUR10.97
RU TJS/RUB0.12
16 Mar · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 16 Mar 2026 00:30 UTC
Latest change: 16 Mar 2026 00:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:46, March 16, 2026
8°C
76 %
1023 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 67%
Sunrise: 06:35
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
8°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 76% 1022 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
9°/12°°C 0 mm 0% 3 mph 66% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/13°°C 0 mm 0% 4 mph 54% 1017 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 5 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 56% 1015 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 53% 1014 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 3 mph 51% 1013 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 50% 1014 mb 0 mm/h