Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:46, March 16, 2026
8°C
76 %
1023 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 67%
Sunrise: 06:35
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
8°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 76% 1022 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
9°/12°°C 0 mm 0% 3 mph 66% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/13°°C 0 mm 0% 4 mph 54% 1017 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 5 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 56% 1015 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 53% 1014 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 3 mph 51% 1013 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 50% 1014 mb 0 mm/h

Муаррифии имконият ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии MITT-2026

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ – MITT 2026 баргузор гардида истодааст, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои соҳавӣ дар бозори сайёҳии Русия ва кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар доираи ин намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти васеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, гӯшаи миллии кишвар бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд.

Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон захираҳои бойи сайёҳӣ ва имкониятҳои гуногуни соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла табиати нодир, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин имконоти рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва гастрономӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ба меҳмонон ва мутахассисони соҳа маводҳои иттилоотӣ, маҳсулоти таблиғотӣ ва маълумоти муфассал оид ба самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни намоишгоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои пешбари туристӣ, туроператорҳо ва агентҳои сайёҳӣ аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо мулоқоту гуфтушунидҳои судманд анҷом дода, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар самти рушди туризм, ташкили сафарҳои муштараки туристӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия як қатор мулоқотҳои корӣ ва чорабиниҳои муаррифӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия баргузор гардиданд, ки ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2025-ум зиёда аз 296 ҳазор нафар шаҳрвандони Федератсияи Россия бо мақсади сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаи ҳисоботӣ 56 фоиз зиёд аст.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи MITT 2026 барои муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар дар бозори байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва ҷалби сайёҳон аз Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва пешбурди бренди сайёҳии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.71
US TJS/USD9.61
EU TJS/EUR10.97
RU TJS/RUB0.12
16 Mar · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 16 Mar 2026 00:30 UTC
Latest change: 16 Mar 2026 00:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:46, March 16, 2026
8°C
76 %
1023 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 67%
Sunrise: 06:35
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
8°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 76% 1022 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
9°/12°°C 0 mm 0% 3 mph 66% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/13°°C 0 mm 0% 4 mph 54% 1017 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 5 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 56% 1015 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 0 mm 0% 4 mph 53% 1014 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 3 mph 51% 1013 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 3 mph 50% 1014 mb 0 mm/h