Иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ
28 феврали соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар Боғи Ғалабаи пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар пайи иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии кишвари азизамон, инчунин эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» роҳандозӣ гардида, дар ин макон ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.





