Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Вохурии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Нуртас Карипбаев — Раиси Кумитаи саноат ва сайёҳии Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:21, February 5, 2026
13°C
54 %
1015 mb
11 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 07:27
Sunset: 17:50
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
10°/12°°C 0.76 mm 76% 7 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
8°/10°°C 1 mm 100% 3 mph 81% 1019 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 1 mm 100% 1 mph 91% 1023 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
4°/4°°C 1 mm 100% 5 mph 97% 1025 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 3 mph 99% 1027 mb 3.15 mm/h
11:00
temperature icon
2°/2°°C 1 mm 100% 3 mph 100% 1032 mb 6.89 mm/h
14:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 2 mph 99% 1033 mb 1.34 mm/h
17:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 2 mph 88% 1033 mb 0.11 mm/h

Нишондиҳандаҳои соҳаи сайёҳӣ дар давраи соли 2025

Барои ташаккули рақобатпазирӣ дар бозори сайёҳӣ рушди инфрасохтор, стратегияи таъсирнок барои пешрафти маҳсулоти сайёҳии ватанӣ, диққат додан ба самтҳои калидии бозори сайёҳӣ, ки метавонанд сайёҳии воридотӣ ва дохилиро ба иқтисоди даромадноки Тоҷикистон табдил диҳад, хеле муҳим мебошад.

Дар соли 2025 барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳо ва таъмини омилҳои муваффақи рушди сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, унсурҳои рушди иқтисодӣ, пойдор нигоҳ доштани нуфӯзи кишвар ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуд.

▲ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир маҷмўи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд. Аллакай соли нуҳум аст, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Стратегия соли 2018 қабул шудааст) мавриди амал қарор дорад.

▲ Дар давраи ҳисоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ 367 адад субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бақайдгирифташуда 225 адад меҳмонхона, 61 адад мотел ва хостел, 56 адад осоишгоҳ, 4 адад лагерҳои солимгардонӣ, 6 адад маркази муолиҷавӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 1 адад пансионат ва 4 адад базаи сайёҳӣ мебошанд.

▲ Яке аз нишондиҳандаҳои калидие, ки сатҳ ва тамоюлҳои рушди соҳаи сайёҳиро инъикос менамояд, омори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ба шумор меравад.

Кумитаи рушд сайёҳӣ дар ин самт бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст. Тибқи маълумоти Агентии омор дар соли 2025 (январ–декабр) шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо назардошти тамоми намудҳои мақсадҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 2104,7 ҳазор нафарро ташкил дод.

Аз шумораи умумии мазкур 1784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардиданд. Аз ин теъдод 1634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои ИДМ ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меоянд.

▲ Қобили зикр аст, ки дар Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Кумита дар давраи ҳисоботӣ 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 31 адад, шаҳри Душанбе – 93 адад, вилояти Суғд – 42 адад, вилояти Хатлон – 15 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 10 адад.

▲ Бо мақсади расонидани кумаки фаврӣ ба сайёҳон моҳи марти соли 2025 Кумита телефонии фавриро бо рақамҳои +992118200200 роҳанзодӣ намуда, дар иртибот ба ин гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони шӯъбаи милитсияи сайёҳии раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон  ва ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ бо мусоидати масъулини вазорату идораҳои номбурда дар зиёда аз 200 ҳолат ба сайёҳони хориҷӣ кумакӣ фаврӣ расонида шуд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби сайёҳон, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва коршиносон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

▲ Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки яке аз василаҳои муҳими тарғиби иқтидорҳои сайёҳӣ ин иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии соҳавӣ ва кашфи бозорҳои нав мебошад. Аз оғози соли соли 2025 намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои Олмон, Россия, Узбекистон, Чин, Эрон, Покистон, Италия, Филипин, Озарбойҷон, Қирғизистон, Финландия, Британияи Кабир, Швейтсария ва Қатар иштироки фаъолона доштанд.

▲ Дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳо бо мақсади муаррифии зарфияту назокати кишвар доир карда шуданд. Аз ҷумла:

— Дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ “Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ” доир гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар намояндагон аз 22 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд;

— DITE-2025, дар он беш аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ аз Аврупо, Осиё, Шарқи Наздик ва Амрико иштирок намуданд.

— Муаррифии иқтидорҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар доираи баргузории форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ дар дохил, ки дар соли 2025 баргузор шуданд.

▲ Бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоии “Инстаграм”,  “Тик-ток”, “Фейсбук” ва “Ютуб” саҳифаи алоҳида кушода шудааст, ки маводҳои диққатҷалбкунанда аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар мунтазам нашр карда мешаванд.

▲ Дар соли 2025 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумита аз як қатор кишварҳои дунё аз ҷумла, Нидерландия, Швейтсария, Покистон, Чин ва Қувайт блогерони маъруфи самти сайёҳӣ даъват карда шуданд. Онҳо дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва рафти баргузории иди Наврӯзро инъикос карданд, ки саҳифаҳои онҳоро беш аз 100 миллион нафар тамошо карданд.

▲ Дар давоми соли 2025 барои намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон, вилоятҳои Новосибирск ва Свердловски Федератсияи Россия ҷиҳати муаррифӣ намудани иқтидорҳои сайёҳии кишвар турҳои иттилоотӣ гузаронида шуд, ки дар ҳошияи он зиёда аз 30 созишномаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ҷонибҳо ба имзо расонида шуд.

▲ Маҳз натиҷаи тарғибу ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли 2025 мавқеи намоёнро ишғол намуд.

• Нашрияи ҷаҳонии бонуфузи сайёҳӣ «Lonely Planet» Тоҷикистонро ба  феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид карда,  кишвари моро ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарин  барои гардишгарӣ ва  саёҳат дар муҳити  кӯҳсор тавсия додааст.

• Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи намоён қарор гирифт. Ин маълумот дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» оварда шудааст.

▲ Дар давраи ҳисоботӣ таҳлили вазъи кунунии соҳа гузаронида шуда, зиёда аз 20 таклифу пешниҳод вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуда, масъалаҳои мазкур дар баррасии Кумита ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор доранд. ▲ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар заминаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони сарбаланди кишвар ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушд додани сайёҳии экологию табобатӣ ва кӯҳнавардӣ, зиёд намудани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, боло бурдани мавқеи байналмилалии кишвар дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ ва ташаккули бренди миллии сайёҳӣ чораҳои амалӣ меандешад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.84
US TJS/USD9.37
EU TJS/EUR11.06
RU TJS/RUB0.12
05 Feb · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 05 Feb 2026 03:45 UTC
Latest change: 05 Feb 2026 03:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:21, February 5, 2026
13°C
54 %
1015 mb
11 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 07:27
Sunset: 17:50
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
10°/12°°C 0.76 mm 76% 7 mph 61% 1016 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
8°/10°°C 1 mm 100% 3 mph 81% 1019 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
7°/7°°C 1 mm 100% 1 mph 91% 1023 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
4°/4°°C 1 mm 100% 5 mph 97% 1025 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 3 mph 99% 1027 mb 3.15 mm/h
11:00
temperature icon
2°/2°°C 1 mm 100% 3 mph 100% 1032 mb 6.89 mm/h
14:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 2 mph 99% 1033 mb 1.34 mm/h
17:00
temperature icon
3°/3°°C 1 mm 100% 2 mph 88% 1033 mb 0.11 mm/h