Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумита, роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зикр намуд, ки бо дарназардошти аҳамияти калидӣ доштани соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар он ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Пешвои миллат ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин самти стратегӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфияту назокати мамлакат дар хориҷи кишвар ба таври васеъ инъикос гардиданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зиёд бо мақсадиии муаррифии зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил гардид.
Маҳз натиҷаи тарғиби ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли 2025 мавқеи намоёнро ишғол намуд.
Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои баргузории чорабиниҳои сатҳибаланди муаррификунандаи симои сайёҳии Тоҷикистон масъул мебошад.
Аз ин рӯ мо масъулини соҳаро зарур аст, ки дар дар якҷоягӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, аз ҷумла ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба даст овардани дастовардҳои назаррас ҷиҳати таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар самтҳои марбута, фаъолияти худро тақвият бахшем.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита барои натиҷагирии фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда аз шунидани ҳисобтҳотҳо ва баррасиву музокироти масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии якҷояи аъзоёни Ҳайати мушовара қаноатбахш арзёбӣ гардид.








