Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 26-уми Маҷмаи умумии UN Tourism

7-11 ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ иҷлосияи 26-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UN Tourism) таҳти унвони “Гардишгарӣ бар асоси зеҳни сунъӣ – бозтаърифи оянда” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода иштирок ва суханронӣ намуд.


