Имрӯз аз ҷониби намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сафари корӣ ба ноҳия сурат гирифт.
Дар доираи сафари корӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат майдончаи варзишӣ дар деҳаи Дашти Роғи Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдулоеви ноҳияи Ванҷ ба истофода дода шуд.