Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо […]

Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Бегоҳии 23 июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам […]