
16 июли соли 2025 вохӯрии расмии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб ҷаноби Абдулло ибни Тауқ Ал-Маррӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкил намудани сафарҳои мутақобилаи сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.