Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар! Соҳибони фардои Ватан! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям. Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда […]