Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:20, June 25, 2025
25°C
38 %
1003 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КИШВАР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲӢ 2030: ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҲАМЧУН ФАЗОИ ЯГОНАИ САЙЁҲӢ»

Дар шаҳри Чолпон Ата – и Қирғизистон 3 майи соли 2025 Форуми байналмилалии «Сайёҳӣ 2030: Осиёи Марказӣ ҳамчун фазои ягонаи сайёҳӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати сайёҳии кишвар бо роҳбарии Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок намуд.

Дар чорабини мазкур раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода баромад намуда, вобаста ба рушд ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин рушди ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ бо кишварҳои хориҷ ва минтақа аз ҷумла, Қирғизистон, ки бо сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз кушода шудани сарҳадҳо муносибатҳо дар ҳоли рушд қарор доранд, суханронӣ намуд.

Инчунин дар чорабинии мазкур аз ҷониби ҳунармандон ва бахши сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳунарҳои дастӣ ва имкониятҳои сайёҳии ин кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи Форуми болозикр мулоқоти Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ баргузор гардид, ки зимни мулоқот оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва баргузории Форуми муштараки сармоягузории умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки бо иштироки дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои хориҷ дар нимаи аввали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирфта шудааст, баррасӣ гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD9.9
EU TJS/EUR11.5
RU TJS/RUB0.13
24 Jun · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 24 Jun 2025 12:45 UTC
Latest change: 24 Jun 2025 12:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:20, June 25, 2025
25°C
38 %
1003 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph